Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Мински Беларус ҷаласаи 24-уми Комиссияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта баргузор шуд, ки дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиёни ҷаласа якчанд масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи энергетикаи атомӣ дахл доштанд, аз ҷумла татбиқи Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии ҳудудҳои давлатҳои аз истихроҷи уран зарардида», ҷараёни иҷрои Барномаи рушди инфрасохтори миллии ҳастаии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро муҳокима намуданд.
Инчунин дар ҷаласа лоиҳаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи маркази байналмилалии тадқиқотӣ дар заминаи реактори бисёрмақсадноки таҳқиқоти зудамал (МБИР), лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ба ҳолати амн овардани объектҳои ҳастаӣ, маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани маданияти бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атом бо мақсадҳои осоишта, лоиҳаи Низомнома дар бораи ташкилоти асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муомилоти партовҳои хавфнок, нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамлу нақли фаромарзии маводи радиоактивӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






