Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад»
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия иброз доштанд.
Сарвари давлат дар идома тазаккур доданд, ки бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр менамоем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд намуда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардид.
«Бо назардошти вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳон, рӯз ба рӯз вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва суботу оромии давлатҳои гуногуни дунё ҳар як фарди мамлакатро зарур аст, ки бо эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва қонунҳо, ки таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ мебошанд, риоя ва иҷрои бечунучарои талаботу меъёрҳои онҳоро таъмин намояд», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки дар моддаи 10-и Конститутсия сабт шудааст: «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Ҳамчунин хотирнишон карда шуд, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.
«Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз намуда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст, — иброз намуданд Сарвари давлат. — Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем».
АКС аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






