«Президенти Тоҷикистон дар бунёди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва таҳкими низоми бонкдории миллӣ нақши асосӣ доранд», — бардошт аз ҳамоиш дар Бонки миллӣ

Ноябрь 16, 2023 18:49

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки маҳз ибтидо аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории миллӣ мутобиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр оғоз гардида, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Президентии Тоҷикистон ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.

Илова бар ин, таъкид гардид, ки Рӯзи Президент бо кору пайкор ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад.

Гуфта шуд, ки дар таърихи 9 сентябри соли 1991 эълон шудани истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти мамлакат заминаи мусоид муҳайё гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз давлату миллат ба сарвари шуҷову далер ва хирадманду дурандеше ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлату миллатро комилан ба дасти худ гирифта, мамлакатро аз гирдоби фалокати низоҳои дохилӣ наҷот диҳад ва ҳамрайъи ормону мақсадҳои мардум, ки дар Конститутсия баён гардидаанд, бошад.


Дар идомаи ҳамоиш таъкид карда шуд, ки баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад.

Тазаккур дода шуд, ки бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор намудани сулҳ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум, ки намунаи олии ватандӯстӣ, хизмат ба Ватану ҷомеа, вафо ба қавлу амал мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат гардиданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон соҳиби пули миллӣ гардид. Дар таърихи 26 октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани пули миллӣ «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, қабул карда шуд. Имрӯз пули миллии Тоҷикистон на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад.

АКС: шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад