Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.
Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд як силсила лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 726 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи ин бонк ба маблағи 195 миллион доллар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрии заминҳо, маориф ва тандурустӣ мавриди иҷро қарор дошта, ин бонк татбиқи боз 4 лоиҳаи сармоягузории иловагиро пешбинӣ намудааст, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо ба 355 миллион доллар баробар аст.
Зимни мулоқот ҳамчунин барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардида, иштироки Бонки Исломии Рушд дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги гидроэнергетикӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкорию сармоягузории бонкро дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон, иштирок дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ, татбиқи лоиҳаи барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва техникӣ дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушдро барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор доданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






