РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Рашт ба ин муносибат ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 9, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  8 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар чорабинӣ  раисони ноҳияҳои водии Рашт, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, роҳбарон ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа, собиқадорони мақомоти милитсияи тоҷик ва фаълону сокинон баргузор гардид.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳия дар бораи роҳҳои тайнамудаи мақомоти милитсияи тоҷик сухан гуфт. Таъкид шуд, ки милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис роҳҳои душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳо ва иҷрои он вазифаҳое, ки дар замони мураккабу душвор гузошта шуда буд, сарбаландона баромада, тамоми қувва, неруи зеҳнӣ ва касбии хешро барои таъмини вазъи муътадили сиёсиву ҷамъиятӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.

Дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони фаъол ва собиқадорони мақомоти милитсия сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 

Ноябрь 9, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд