Рӯзи Президент — рамзи садоқат ба Ватан ва миллат аст, — бардошт аз ҳамоиш дар Агентии омор

Ноябрь 16, 2023 17:32

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин Агентӣ.

Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст таҳният гуфта, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин унвон намуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар бораи саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки таҷлил аз Рӯзи Президент нишони эҳтирому эътирофи мардум аз хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёру демократӣ, таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, рушди бемайлони тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистонро арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд, ки умри хешро сарфи роҳи ободии Ватану хушбахтии миллат намудаанд.

Дар ҳамоиш доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ибрози андеша гардид.

Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 16, 2023 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд