«РОҒУН – ОБИГАРМ – НУРОБОД». Бунёди ин роҳ ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди сайёҳию робитаи нақлиётӣ мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи марҳилаи якуми Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» бомаром идома дошта, кандани хокҳои корношоям, сохтмони таҳкурсии роҳ, инчунин бунёди такядеворҳои сангин ба итмом расида, дар нақбҳои Қандак» ва «Қарағоч» низ кандани ҷинсҳои кӯҳӣ анҷом ёфта, корҳои дигари сохтмонӣ идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Лоиҳаи мазкур, дар айни замон корҳои васлкунии болорҳои оҳанин ва бетонӣ дар шаш пул, ки дар ин масир бояд сохта шаванд, идома дорад. Инчунин, хобондани 86 лӯлаи обгузари қутрашон гуногун дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони қабати таҳкурсии асфалт (5 км) ба итмом расида, мумфаршкунӣ оғоз ёфтааст.
Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар — ба мамлакати транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад ҳоло дар соҳа татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки яке аз онҳо лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Роғун – Обигарм — Нуробод» мебошад.
Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 7 июни соли 2021 зимни сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод оғоз гардида буданд. Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад. Он аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартиаш аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд. Қисмати мумфаршсозии роҳи мошингард аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ роҳи «Роғун – Обигарм — Нуробод» ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Ба таъкиди муҳандисон, дар масири «Роғун – Обигарм — Нуробод» дар минтақаҳои баландкӯҳ роҳ то ҳадди зарурӣ паст ва паҳноияш васеъ мешавад, ки ин тадбир ба хотири таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми фасли сол амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ танҳо дар масири шоҳроҳи «Роғун-Обигарм-Нуробод» дар масофаи 100 километр бо маблағи наздики 400 миллион доллари америкоӣ роҳҳо ва пулҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бунёд карда истодааст.
Аз давраи оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи «Роғун – Обигарм — Нуробод» беш аз 2 сол сипарӣ шуд. Дар ин давра бо ҷалби коргарону мутахассисон корҳои зиёди сохтмонӣ ба анҷом расида, натиҷаҳо дар ин ҷода назаррас мебошанд.
Мувофиқи лоиҳа, дар марҳилаи якуми роҳ бунёди 71 қубури обгузари қутрашон гуногун, 40 такядевори оҳану бетонӣ, 6 пул ва ду нақби мошингузар ва дар 92 нуқта деворпояҳои ҳимоявии сангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад ва раванди корҳои иҷрошуда пайваста таҳти назорати мутахассисон қарор дорад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар мегирад. То моҳи августи соли равон дар ин масир сохтмони нақби «Тагикамар» бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ бо маром идома дорад.

Бо талошу заҳмати роҳсозон корҳои ҳаффорӣ дар нақби мошингузари «Тагикамар» то моҳи августи соли равон 1505 метр иҷро шудаанд. Дар асоси лоиҳа насбу ҷобаҷогузории қубурҳои обгузари оҳану бетонии қабати асосии роҳ низ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки 9 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун нахуст бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» то Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» шинос шуданд.
Сохтмони роҳи мошингард аз неругоҳи «Роғун» то неругоҳи «Шӯроб» моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 километрро ташкил медиҳад. Дар ин масир як пул бо дарозии 1593 метр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Дар татбиқи Лоиҳаи мазкур 2500 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ. Ба масоили бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатии кормандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд






