Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти Бадахшон бузург аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ таҳти унвони «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи нақлиёти Бадахшон» ҳамоиш баргузор гардид. Да ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилоят, собиқадорон ва кормандони соҳа иштирок намуданд.
Дар робита ба ин аз ҷониби занони ҳунарманди шаҳри Хоруғ таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳайати расмӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус сиёсати хирадмандона, пайгирона ва илман асосноки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба арсаи сохтмони бесобиқа табдил ёфтаанд.
Хусусан пас аз иқдоми навбатии Пешвои бунёдкори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани марҳилаи нави бесобиқаи рушди вилоят сармояи зиёд ба соҳаҳои гуногуни он равона гардида, дар заминаи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон аллакай садҳо иншооти таъйиноти иҷтимоӣ таъсису бунёд ёфтанд. Аз ҷумла, сохтмони қитъаи вазнинтарини шоҳроҳ байни ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон бо маблағи зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ва Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа аз ҷумлаи он корҳои бунёдӣ ҳастанд, ки таҳти ҳидоят ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин ва дигар комёбиҳое, ки бадахшониён ба даст овардаанд, маҳз аз сиёсати одилона, оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Таъкид гардид, ки бо бунёди шоҳроҳ, таъмиру таҷдиди роҳҳои сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва сохтмони пулҳо имконият пайдо шуд, ки вилоят бо минтақаҳои дигари мамлакат, аз ҷумла бо пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе робитаи мунтазам пайдо намояд.
Вазири нақлиёт оид ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат дар самти рушди соҳаи роҳнигоҳдориву коммуникатсия сухан намуда, амалишавии барномаҳои давлатиро дар ин самт аз қадамҳои устувор дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат унвон намуд.
Дар ҳамоиш дигар иштирокдорон оид ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






