Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби нӯшокиро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.
Бо пурра татбиқ шудани ин лоиҳа, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор нафар сокинони деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин мешаванд.
Дар марҳилаи аввал, ки дар доираи татбиқи ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, 7 ҳазор аҳолии деҳоти Зарзамин ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.
Об аз 2 чоҳи амудӣ аз умқи 150 метр тариқи насосҳои махсус бароварда шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин тавассути қубурҳои махсуси обгузаронӣ то масофаи беш аз 2 ҳазор метр оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳилаи дуюм низ бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
Мутобиқи маълумот, дар марҳилаи дуюми лоиҳа бо насби 2 насоси иловагии обкаш ва кандани 2 обанбори ғунҷоишашон 500 метри кубӣ боз 7 ҳазор сокини деҳоти Зарзамин бо оби ошомидании босифат таъмин мешаванд.
Амалишавии марҳилаи аввали “Лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” дар рӯзҳои таҷлил аз 31-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон маънидод гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






