Шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин мустақиман пайваст мешаванд

Ноябрь 17, 2023 08:21

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ояндаи наздик пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад, ки ин барои Тоҷикистон дар соҳаи алоқа аҳамияти муҳим дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма» амалӣ мегардад.

Бо мақсади ҳарчи зудтар анҷом додани пайвасти мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои корҳои амалӣ босуръат идома доранд.

Бояд гуфт, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет мегардад. Инчунин аҳамият ва иқтидори транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии ҷумҳуриро боло бурда, бунбасти коммуникатсиониро аз байн мебарад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқа дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ насб менамояд.

Дар ин хусус байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тафоҳум оид ба насби ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ дар шоҳроҳҳои магистралии автомобилгарди сохташаванда ба даст омадааст.

Ин тафоҳум имкон медиҳад, ки шоҳроҳҳои магистралӣ ва минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ таъмин гарданд.

Дар баробари ин, бо насби ноқили нахию нурии алоқаи барқӣ дар ин гуна роҳҳо дараҷаи эътимоднокии хатҳои алоқаи барқии магистралии байнишаҳрию байналмилалӣ боло бурда мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2023 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд