Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Шоҳҷоиза ба Шукрона Тоҳирӣ имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд. Онро ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супорид.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби мутлақ дар байни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад.
Шукрона Тоҳирӣ дар Озмун аз рӯйи номинтасияи адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро касб намуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2022 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 10-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара сазовори «Шоҳҷоиза» дониста шуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ шуда буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






