Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуд

Ноябрь 15, 2023 18:54

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Дар ин хусус  хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Шоҳҷоиза ба Шукрона Тоҳирӣ имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд. Онро ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супорид.

Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби мутлақ дар байни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад.

Шукрона Тоҳирӣ дар Озмун аз рӯйи номинтасияи адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро касб намуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2022 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 10-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара  сазовори «Шоҳҷоиза» дониста шуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ шуда буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт