ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, ҷумъа, 321-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 17, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе амфитеар ба истифода дода шуд.

***

17 ноябри соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

17 ноябри соли 2012 дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Акнун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.

***

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми ин шуро баргузор гардид.

***

17 ноябри соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот намуданд.

***

17 ноябри соли 2018 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» суханронӣ намуданд.

*** 

17 ноябри соли 2020 байни Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва Ассотсиатсияи «Korean Smart Technology  Association»-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд.

 ***

17 ноябри соли 2021 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

 17 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи истиқлол.

***

Дар Арманистон – Рӯзи духтурони ҳарбӣ.

***

Дар Чехия – Рӯзи мубориза барои озодӣ ва демократия.

Ноябрь 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш