ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, якшанбе, 323-юмин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 19, 2023 08:00

19 ноябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 60-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) суханронӣ намуданд.

***

19 ноябри соли 2012 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи чапи Қасри фарҳанги Арбоб Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гаҷ ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

*** 

19 ноябри соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

19 ноябри соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» иштирок намуд.

***

19 ноябри соли 2020 ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25 ноябри соли 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуд, мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуд.

***

19 ноябри соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд. 

19 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии мардҳо

***

Рӯзи ҷаҳонии хотираи қурбониёни ҳодисаҳои роҳу  нақлиёт 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фирӯз Баҳор — соли 1942— оҳангсози касбии тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Ноябрь 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст