ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, сешанбе, 311-умин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 7, 2023 08:00

Соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1931 агентии иттилоотии «Хитойи сурх» (ҳоло «Синхуа») таъсис дода шуд.

***

7 ноябри соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

 ***

7 ноябри соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2012  АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол мақоми 137-умро ишғол намуд.

***

7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масоили васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

7 ноябри соли 2014  Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.

***

7 ноябри соли 2018 масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот намуданд.

***

7 ноябри соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот намуданд.

7 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи театри тоҷик.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДАНД

Воҳид Асрорӣ —соли 1917- фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1977). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954) ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1975).

Ноябрь 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид