ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод

Ноябрь 9, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан хабар додем, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нависандаи маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон, пажуҳишгари номвар ва омӯзгори муваффақ, ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Меҳмони олиқадр дар шаҳри Душанбе аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоиву маориф дидан намуда, китоби хешро бо номи «Ҳунари занона зистан» рӯнамоӣ намуд. Дар доираи ин вохӯриву суҳбатҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» имкон пайдо намуд, ки бо хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом диҳад. 

АМИТ «Ховар»: Ташрифи Шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯем ва  мегуфтед, ки мамлакати моро чӣ гуна дарёфтед?

Ҷамила Аламулҳудо: Ташаккур, бори нахуст аст, ки ба Тоҷикистон омадам ва  ин ҷоро ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ, обу ҳаво, одобу русум бо шабоҳати зиёде чун Эрон дарёфтам. Тасаввур намудам, ки дар Эрон ҳастам. Бештар аз ҳама гармиву муҳаббати меҳмоннавозии мизбонон буд, ки бароям хотирмон аст.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар ин сафаратон  китоби худро таҳти унвони «Ҳунари занона зистан» рӯнамоӣ намудед. Китоб фарогири кадом мавзуъҳо аст ва бо кадом мақсад онро ба қалам додед?

Ҷамила Аламулҳудо: Китоби «Ҳунари занона зистан» тақрибан як моҳ мешавад, ки нашр шудааст ва охирин коре аст, ки анҷом додам. Китоб дар аввал ба забони англисӣ нашр шуд ва баъдан тибқи дархост онро  ба забони форсӣ ҳам мунташир намудем ва бо унвони  аввалин ҳадя ба давлати дӯсту ҳамзабони худамон Тоҷикистон овардем.

Мавзуи асосии ин китоб зиндагии занон аст, ки талош шудааст бештар аз зовияи нигоҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисод, чолишҳои зиндагии занонро дар шароити имрӯз мавриди баррасӣ қарор диҳад. Бубинед, чаро  чунин чолишҳо вуҷуд доранд, чӣ тавр бо ин ҳама тағйироти таърихие, ки дар беҳбуди озори занон иттифоқ афтод, ҳамчунон шиорҳое алайҳи табъизи занон ривоҷ доранд?

Ба назарам ҳамаи кишварҳо бо мушкилии нисбатан воҳиде рӯ ба рӯ ҳастанд, ки он табъиз алайҳи занон аст ва онро мавриди интиқод қарор медиҳанд ва барои беҳтар шунаво будани овози занон ва раҳоӣ аз ин кӯшиш ҳам доранд, аммо мушкилот ҳамчунон идома меёбанд. Ин китоб талош мекунад, ки аз хонавода ҳимоят бикунад, то фурӯпошии он кам шавад, зеро хонавода муҳимтар аз ҳар як аъзои он аст. Ин иттиҳоде буд, ки  китобро бештар мутолиа намоянд, вале хуб кӯшиш кардам, ки дар он ба манбаъҳои мувассақи фалсафӣ ва андешаҳои бузургони эронӣ ишора намоям. Саъй намудам китобро хеле камҳаҷм бинависам ва дар мавриди мафҳумҳое бинависам, ки ба  насли имрӯз бештар писанд оянд. Умедворам, ки ин китоб аз ҷониби донишмандону донишҷӯёни  тоҷик мавриди истифода қарор мегирад.

АМИТ «Ховар»: Бо таъсиси Пажуҳишгоҳи бунёди илм ва технологияи Шаҳиди Биҳиштиву дигар тадбирҳо вобаста ба илм Шумо пайваста ба таъмини пешрафти илм талош менамоед. Барои таҳкими ҳамкории илмӣ бо намояндагони илми Тоҷикистон дар оянда чӣ нақшаҳо доред?  

Ҷамила Аламулҳудо: Бояд иброз намуд, ки дар  вохӯрӣ бо намояндагони Иттифоқи нависандагон тақозо намудам, ки тавонем корҳои муштарак, конфронсҳову нишастҳо ва ҳамоишҳои мухталифи ҳунариву илмӣ дошта бошем. Ба зудӣ мо мехоҳем як конфронси илмӣ  баргузор намоем ва орзу дорем, ки донишмандони Тоҷикистон ба Эрон биёянд ва дар он иштирок намоянд. Барои пешбурди  илм мо метавонем дар риштаҳои гуногун бо баргузории ҳамоишу конфронс хеле корҳоро ба анҷом расонем, зеро илм моли ҳама ҳаст ва онро дар якҷоягӣ бояд истифода бурд.

АМИТ «Ховар»: Муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии моро чӣ гуна дарёфтед?

Ҷамила Аламулҳудо: Воқеан ин қадар бовар надоштам, ки ин ҳама муштаракоти фарҳангӣ дорем ва бо омаданам бештар мутаваҷҷеҳ шудам, аз наздик дидам, дар ҳама чизе, ки ин ҷо ҳаст, сояҳои фарҳанги аҷдодиро мушоҳида намудам ва ин воқеан ниёи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аст.  Мо бояд ҳофизи ин  муштарокот бошем ва бо шиддат аз маҳдуд намудани худамон аз лиҳози фарҳангӣ парҳез намоем ва тавсеаи фарҳанги худро ба насли оянда вогузорему дар ин росто ба ҳамдигар кумак кунем.

АМИТ «Ховар»:  Лутфан мегуфтед, ки занони эронӣ дар арсаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат чӣ нақш ва ҷойгоҳе доранд?

Ҷамила Аламулҳудо: Занони эронӣ қабл аз инқилоб чандон нақше дар соҳаи илму фановарӣ надоштанд, теъдоде мутахассис доштем, лекин зиёд набуд, вале баъд аз инқилоб иттифоқан фаъолияти занону духтарон дар илму фарҳанг каме зиёд шуд ва дар бахшҳои дигар худашон алоқае надоранд. Заноне ҳастанд, ки дар донишгоҳ ба ҳайси донишҷӯ ва муаллим ҳузур пайдо менамоянд. Заноне ҳастанд, ки дар тиҷорат фаъол мебошанд, донишҷӯдухтарон дар донишгоҳҳо қариб 64 фоизро ташкил медиҳанд. Теъдоди духтурзанон ҳам хеле зиёд шудаанд. Хуллас хонаводаҳои эронӣ аз занон барои дарс хондану дар соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолият намудан ҳимоят мекунанд. Ҳамзамон давлат ҳам аз соҳибмаърифат шудани занони эронӣ ҳимоят менамояд.

АМИТ «Ховар»: Дар охири суҳбат чӣ паёме ба занону духтарони тоҷик доред? 

Ҷамила Аламулҳудо: Хеле хушҳолам аз ин ки дар чанд ҷаласае, ки будам, занони фаъолро дар тамоми соҳаҳо мушоҳида намудам. Паёмам ҳамин аст, ки занону духтарон бештар дар фазои маънавӣ, боло бурдани маънавият дар хонавода ва иҷтимоъ нақши бориз дошта бошанд. Хусусан занҳо бояд дар  корҳое, ки ҷанбаҳои отифӣ ва ақлонӣ доранд, зиёдтар  талош намоянд ва худашонро рушд диҳанд.

София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»