Толори туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ мақоми хосса дорад

Ноябрь 15, 2023 14:24

ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба Осорхонаи миллӣ, ки имсол ба ифтитоҳи он 10 сол пур мешавад, рафтанд. Намоиши осори таърихӣ бисту ду толор, аз ҷумла ду толори мудавварро фаро мегирад. Дар толорҳои осорхона бозёфтҳои нодири таърихи куҳани халқи тоҷик- аз асри санг то давраи садри ислом ва аз асри даҳ то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд.

Дар толори туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарону намояндагони давлатҳои дунё ва сокинони Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя шудаанд ва дар навбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он туҳфаҳоро ба Осорхонаи миллӣ эҳдо намудаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Туҳфаҳое, ки аз ҷониби давлатҳои гуногун ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа шудаанд, рамзи дӯстии Тоҷикистонро бо мамлакатҳои ҷаҳон ифода менамоянд.

Ҳангоми шиносоӣ бо толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигорони АМИТ «Ховар»-ро сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини осорхона Фирдавси Абдулҳамид роҳнамоӣ намуда, оид ба таърихи ҳар як нигора маълумоти муфассалу ҷолиб пешниҳод намуд.

Дар витринаи якуми толор туҳфаҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла туҳфаҳои Созмони Милали Муттаҳид: «Ҷоизаи махсуси СММ», ҷоизаи ширкати мустақили иттилоотии «Таус-Таус-Нюс», туҳфаҳои СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар витринаи дигар лаълӣ бо тасвири Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод шудааст. Лаълӣ аз ҷониби собиқ вазири корҳои дохилии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гардидааст. Дар паҳлуи рости лаълӣ шоҳкосаи зебои сангии аз ҷониби Займал Расулӣ- намояндаи Афғонистон ҳадяшуда пешниҳод гардидааст. Дар ин витрина як лаълии хеле зебо ва нақшин- туҳфа аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар витринаи дигар туҳфаҳо аз Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, гулдон бо тасвири шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, гулдони дигар аз ҷониби директори Хадамоти амнияти Федералии Русия Николай Патрушев эҳдо гардидаанд. Ҳамзамон дар ин гӯша қанддони зебои булӯрӣ пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби собиқ Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа шудааст.

Тахти рамзӣ ва зебои кандакоришуда аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа шудааст.

Дар витринаи шашум туҳфаҳои аз ҷониби собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдошуда гузошта шудаанд. Дар дохили ин туҳфаҳо муҷассамаи аспи Ахалтекинӣ, сикка бо қурби 100 манат, глобус бо тасвири харита ва парчами Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, нусхаи сари гург ва нусхаи ритони портӣ аз ёдгории Нисои қадим мавҷуд аст.

Дар гӯшаи дигари толор туҳфаҳои аз ҷониби Арабистони Саъудӣ эҳдогардида: порае аз Кисва (парда) — и Хонаи Худо (Каъба) ва калиди рамзии Каъба пешниҳод шудаанд.

Дар толор ҳамчунин туҳфаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, фили рамзӣ аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзинтао, гулдон ва рамзи аждаҳои асотирӣ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Чин, табақи мунаққаш аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва лаълӣ аз намоиши ЭКСПО-2010, ки соли 2010 дар Чин баргузор гардида буд, эҳдо шудаанд.

Дар яке аз витринаҳои толор туҳфаҳои зерин: косаи булӯрӣ аз Ҷумҳурии Чехия, гулдон аз Ҷумҳурии Латвия, зарфи зебои ҷилодор аз кишвари Ҷопон пешниҳод шудаанд.

Дар ин толор якчанд шамшерҳои зебо: шамшери туҳфаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шамшери туҳфаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шамшер аз Кохи Ваҳдат, ки ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардидаанд, гирд оварда шудаанд.

Туҳфаҳои сафирон низ дар ин толор ба намоиш гузошта шудаанд, аз ҷумла сандуқчаи зебо аз ҷониби Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, қаламдон ва армуғон бо тасвири парандагон аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Яшван Сингха туҳфа шудаанд. Дар паҳлуи ин туҳфаҳо рамзи Сенати Лаҳистон- туҳфаи собиқ Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Александр Квасневский, тасвири марди аспсавор- туҳфаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Булғористон Соломон Пасси, сандуқчаи ҷавоҳирот- туҳфаи губернатори вилояти Свердловски Русия ва армуғони рамзӣ бо тасвири саворагон- туҳфаи Вазири корҳои дохилии Чин ба намоиш пешниҳод шудаанд.

Туҳфаи Ҷумҳурии Мардумии Чин давраи императории Тсин Шихуанди (солҳои 259-210 то милод)-ро пеши назар меорад. Дар витринаи навбатӣ косаи чинӣ бо навиштаҷоти лотинӣ- туҳфаи Вазири корҳои хориҷии Португалия, самовари русӣ- туҳфаи Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия ва қаламдон- туҳфаи собиқ роҳбари ҳайати фармондеҳии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА пешниҳод шудаанд.

Дар витринаи дигар туҳфаҳо, аз қабили лаълӣ, ки аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи номаҳои Расули бузургвор (саллаллоҳу алайҳи ва салам), ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳдо шудаанд ва ҳамзамон дар ин ҷо амсилаи Каъба пешниҳод шудааст, ки аз тарафи давлати Арабистони Саъудӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо шудаанд. Дар ин толор диққати бинандагонро туҳфаҳо: корд ва сандуқча аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва табақи зебои мунаққаш аз тарафи собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба худ ҷалб менамоянд. Ҳамчунин ҷом, ки аз ҷониби Котиби давлатии ИМА, лаъличаи зебои нақшин- туҳфаи кишвари Шри-Ланка, армуғони нуқрагин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, ҷоми нуқрагин аз тарафи собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Дар ин қисмати толор табақ ва лаълиҳои зебои зарандуду нақшин, ки аз ҷониби Директори Маркази байналхалқӣ доир ба таҳқиқоти соҳаи кишоварзӣ, профессор Одил-ал-Белтагӣ, лаълича — туҳфаи Котиби генералии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, табақи зарандуд — туҳфаи Ҷумҳурии Туркия, лаълии атрофаш нақшин — туҳфаи доктор Меҳр Менбер Мусс- директори Коллеҷи зардуштӣ дар Ҳиндустон, як лаъличаи зебо, ки дар қисмати марказаш тасвири нишон дорад — туҳфаи Сенати Франсия ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгир шудаанд.

Дар қисмати дигари толор глобус — туҳфаи Мартин Демпсӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, қанддони булурӣ — туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаълӣ аз санги мармар — туҳфа аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ба намоиш бароварда шудаанд.

Дар витринаи охирони ин қисмат якчанд туҳфаҳои гуногун пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, нишони рамзии ФИФА, туҳфаи Кумитаи тадорукотии ҷашни 100-солагии таъсии ФИФА, ордени Пётри Кабир, туҳфаи Академияи бехатарии Федератсияи Русия, Аҳурамаздо ва нишон бо тасвири Зардушт, туҳфаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (ЭКСПО- 2010) пешниҳод шудаанд. Ҳамзамон дар ин витрина 5 сиккаи тиллоии давраи салтанати Русияи подшоҳӣ, мансуб ба асри XIX пешниҳод шудаанд.

Акрам САНГЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2023 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод
Пешвои миллат: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ ва ба ҳифзи марзу буми он ҳамеша омода бошад»
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд