Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба унифайт байни ҷавонон ва калонсолон 9 медал ба даст оварданд

Ноябрь 11, 2023 11:56

ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳияи Ёвон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба унифайт байни ҷавонон ва калонсолон ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 9 медал ворид намуданд, хабар доданд дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чемпионат аз 31 октябр то 4 ноябр дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия доир шуд.

Дар он 6 варзишгар таҳти роҳбарии Муҳриддин Нарсов дар байни  зиёда аз 500 нафар  варзишгар аз 36 давлати дунё  аз 2 намуд лайт (гӯштин) ва классик (муҳориба) иштирок намуда, дар намуди лайт 4 дастовард (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва  дар намуди классик 5 медал (3 нуқра ва 2 биринҷӣ)-ро соҳиб шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2023 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад