Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Хуросон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захира намудани маводи сӯзишворӣ, доруворӣ ва ғизо дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шинос шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Зимни шиносоӣ ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо гармӣ, захира намудани сӯзишворӣ, маводи доруворӣ ва хӯрокворӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ба соҳа алоқаманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон доир ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






