«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд

Ноябрь 9, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе барномаи  фарҳангӣ-маърифатии «Вохӯрии се насл» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он вохӯрии самимӣ, гуфтугӯи озоди се насл–намояндагони фаъоли ноҳияҳои шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар барнома ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамо Зарипова иштирок намуда, ба насли ояндасози давлату миллат аз таҷрибаи бою ғании худ тавсияҳои муфид дод.

Тазаккур дода шуд, ки мардуми асилу заҳматқарини Тоҷикистони биҳиштосо бо ҳазору сад орзуву армони ношикастаи сарзамини хеш ва пайванд бо торҳои маънавии аҷдодӣ пайи ободии Ватан қадам бардошта, талош менамоянд, ки иқдоми Пешвои миллатро бобати баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маънавиёти ҷавонон тариқи амалӣ намудани ҳамкории васеи ҷомеа амалӣ созанд. Ин аст, ки намояндагони се насл бо майли тамом дар ин ҳамоиш гирд омаданд, то бо ҳам гуфтугӯ намоянд, аз таҷрибаҳои ҳамдигар баҳра гиранд, ҳуқуқу масъулиятро бишносанд ва насли ояндаи созандаву бунёдкорро ба роҳи дуруст роҳнамун созанд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: «Занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд».

Дар чунин суханони пурмуҳтавою рамзии Пешвои миллат ишора ба се насл шудааст, яъне модар, зан ва фарзанд.

Инчунин дастаи ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо барномаи фарҳангӣ ва таронаҳои дилошӯб хотири ҳозиринро шод намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ноябрь 9, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад