1 ДЕКАБР- РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ (ВНМО-ВИЧ/СПИД). Соли 2023 дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нав ба қайд гирифта шудааст

Декабрь 1, 2023 11:53

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соли 2023 шумораи гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ СПИД) дар саросари ҷаҳон ба 38 миллион нафар мерасад. Сарфи назар аз кӯшишҳои давомдор дар ҷаҳон оид ба мубориза бо ин беморӣ шумораи сироятҳои нав хеле зиёд гардида, соли 2023 дар саросари ҷаҳон тақрибан 1,7 миллион сирояти нави ВИЧ ба қайд гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) эълон гардидааст. Ҳадаф аз таҷлили ин сана- иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз он мебошад

Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД)

Мудири шуъбаи эпидемиологии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» Аҳмадҷон Сиддиқшоев иброз дошт, ки бемории СПИД — ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масунияти бадан муайян мешавад, аз аввали солҳои 80-уми асри XX маълум аст.

Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз Вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50 фоизро ҷавонони аз 14 то 20-сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар одамон ба он сироят шуда, 20 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд.

Омилҳои гирифторӣ ба ин беморӣ

Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, беш аз нисфи гирифторони бемории Вируси норасоии масунияти одам тариқи сӯзандору ва қариб 30 дарсади дигар аз тариқи робитаи ҷинсӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, аммо таҳлилҳо нишон додаанд, ки хатари олудашавӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҳама соҳаҳо ва касбу кори гунонгун мавҷуд аст. Муҳимтарин мубориза бар зидди ин беморӣ агар эҳтиёткорӣ бошад, пас огоҳ будану маълумот доштан оид ба сироят ва пешгирии он маълумотнокии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Пайдоиш ва паҳншавии густурдаи он сол то сол мушкили ҷиддӣ аст, лекин гирифтории занон ба он ба руҳияи ҷомеа зарбаи сангине аст, зеро занон аксар вақт бо айби ҳамсарони худ ба ин беморӣ мубтало гардида, дар ҷомеа ба маҳдудияти зиёд дучор мешаванд ва идомаи насл барои онҳо мушкил хоҳад шуд.

Барои пешгирӣ аз  ин беморӣ дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Ба гуфтаи Аҳмадҷон Сиддиқшоев, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди табобати зиддиретровирусӣ аз соли 2006 оғоз гардида, он ба таври ройгон ба ниёзмандон пешкаш мешавад. Дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда давлат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда табобати зиддиретровирусии ройгонро кафолат додааст. Аз ин рӯ ҳар нафари сироятёфта имконият дорад, ки вобаста ба зарурат аз табобати ройгон бархурдор бошад. Дар айни замон табобати зиддиретровирусӣ  дар  байни шахсони бо ВНМО зиндагикунанда идома дошта,  самаранокии табобат арзёбӣ мешавад.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёде ба анҷом  расонида шудаанд. Аз ҷумла, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам қабул гардидаанд», -иброз дошт мудири шуъбаи эпидемиологии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО».

Ба андешаи мутахассис, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сиҳатии ҷомеа тадбирҳои муҳим андешида, барои муқовимат ва пешгирӣ намудани Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният барномаҳои давлатӣ ва дигар асноди ҳуқуқиро дар марҳилаҳои муайян қабулу амалӣ менамоянд. Ҳатмӣ намудани ташхиси тиббӣ пеш аз никоҳ ба навхонадорон қадами устуворе аст дар роҳи муайяну табобати Вируси норасоии масунияти одам.

Пешгирии беморӣ чӣ гуна амалӣ  мешавад?

ВНМО тавассути оби даҳон, арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, ашёи маишӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят наменамояд.

«Ҳамзамон амалисозии чорабиниҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидаанд, ки давоми солҳои оянда пеши роҳи ин беморӣ гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки ҳарчи бештар нафарон нисбат ба ин сироят маълумотнок бошанд, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, шумораи ҳарчи зиёдтари сироятёфтагон табобати зиддиретровирусӣ гиранд ва дар шумораи ҳар чи бештари сироятёфтагон пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин сироятро гирем», -гуфт мутахассис.

Ҳамзамон табиб иброз дошт, ки барои пешгирӣ аз ин беморӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун доир шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ба хотири мубориза ва пешгирӣ аз ин беморӣ дар мамлакат 67 марказ ва 6 клиникаҳои сайёр масъул шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба ин беморӣ соати 12:30 дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки зиёда аз 1500 ҷавон барномаи ҷамъбастӣ баргузор гашта, ба фаъолони соҳа сипосномаҳо тақдим мегарданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2023 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод