35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор ду бинои баландошёни истиқоматӣ ба истифода дода шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ роҳбарияти шаҳр иштирок намуда, ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Нахуст дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бинои 13-қабата, ки дар қабати аввал маркази савдо ва хизматрасонӣ, аз қабили дандонпизишкӣ ва сартарошхона ҷойгир аст, ифтитоҳ гардид.
Бинои дигари истиқоматӣ, ки ба истифода дода шуд, аз 6 қабат иборат буда, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ҳисор воқеъ аст. Он дорои 72 хона, аз ҷумла 48-якҳуҷрадор, 12-дуҳуҷрадор ва 12-сеҳуҷрадор мебошад. Дар таҳхонаи бино барои нигоҳдории ҷиҳозу захираи ҳар оила ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудаанд.
Масъулини сохтмон ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Ҳисорро бо лоиҳаи майдончаи бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳи мошинҳо, ки дар пушти бино сохта мешавад, шинос намуданд. Дар доираи корҳои ободонӣ ба соҳибкор ҷиҳати сохтани партовгоҳи расмӣ, айвончаи нишаст барои пиронсолон ва нуқтаи нонпазӣ барои занон дастур дода, муҳлати иҷрои онро арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз таъйин намуданд.
Ду бинои истиқомтаие, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин гардидани беш аз 150 оила мусоидат менамоянд. Биноҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нурулло ва Баҳрулло Ҳусейновҳо бунёд гардида, аз ҷониби соҳибкорон ба се оилаи ниёзманд хонаҳои якҳуҷрадор ва дуҳуҷрадор туҳфа гардиданд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 тибқи нақшаи генералӣ, дар шаҳри Ҳисор 8 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки беш аз 600 оила бо манзили истиқоматии ҳозиразамон таъмин ва даҳҳо ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






