Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт

Декабрь 5, 2023 15:05

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» иброз доштанд, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ низ саҳми бузург гузошт. Ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ илми шарқшиносии Шуравиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки «пас аз сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Шуравӣ таъин шудани ин донишманди бузург доираи омӯзиши таъриху фарҳанги мардумони Машриқзамин хеле васеъ гардид. Дар он солҳо бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров перомуни масоили тамаддуни мардуми Шарқ бузургтарин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд. Яке аз чунин ҳамоишҳои донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба масъалаи басо муҳим – омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар аҳди Кушониён бахшида шуда буд, соли 1968 дар пойтахти Ватани мо – шаҳри Душанбе доир гардида, боз як саҳифаи торики таърихи гузаштаи халқи моро равшан сохт».

«Институти шарқшиносӣ дар давраи роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муддати хеле кӯтоҳ на танҳо дар собиқ Шуравӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз марказҳои бузургтарини илмӣ дар самти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Африқо табдил ёфт. Ба шаҳодати шарқшинос – ҷопоншиноси маъруфи рус Владимир Алпатов он давра «марҳалаи беҳтарин дар ҳаёти институт буд», — ёдовар шуданд Президенти Тоҷикистон.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров яке аз поягузорони шарқшиносӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Русия шинохта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2023 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон