АРҶГУЗОРӢ БА ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни давлатии шаҳри Бӯстон Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ хизматчиёни давлатӣ, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҷавонон Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуровро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Ҳайати хизматчиёни давлатӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров гулчанбар гузоштанд.
Бояд тазаккур дод, ки 14 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.
Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шуда, таҳпояш 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад.
Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор –китоби «Тоҷикон» ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад.
Қомат афрохтани муҷассамаи ў дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.
Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо ҳамчунин ду фаввораи зебо низ бунёд гардидааст. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари «Тоҷикон» ҷой дода шудааст ва рамзи дигар асари мондагори Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон»-ро, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик аст, таҷҷасум намудааст.
Ҳамзамон ҳайати хизматчиёни давлатӣ бо Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров шинос гардида, оид ба заҳматҳои Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров дар амри ҳифзи таърих ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, нашри осори арзишманд, аз ҷумла китоби «Тоҷикон» маълумоти бештар пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад.
Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ҷой дода шудааст.
Дар осорхона гӯшаҳое чун «Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров», «Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор», «Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров» ва дигар бахшҳо ҷой дода шудааст. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби «Тоҷикон» бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадима, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадимӣ, ки дар китоби «Тоҷикон» бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд, ҷой дода шудааст.
Зимни боздид иброз гардид, ки гӯшаи «Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои зиндаву ҷовид мондани номи академик анҷом дода шудааст, маълумот медиҳад. Осорхона аз се бахш – «Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров», «Таблиғоти мероси академик» ва «Китобхонаи электронӣ» иборат мебошад.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар, нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Ифтитоҳ гардидани иншооти мазкур ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдории нигораҳои ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон