Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи аз соли 2014 то 2021 дар Фаронса, Исландия, Норвегия, Швейтсария ва Британия шумораи кӯдакони камбизоат ба таври назаррас афзоиш ёфта, дар Латвия, Лаҳистон ва Словения ин нишондиҳанда хеле коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии «Kazinform» бо истинод ба сомонаи СММ хабар додааст.
Дар ин хусус дар гузориши ЮНИСЕФ «Инноченти» — маркази махсуси таҳқиқотии ЮНИСЕФ хабар дода мешавад. Муаллифони ҳуҷҷат омори пешниҳодкардаи ҳукуматҳоро омӯхта, ба натиҷаҳои нохуш расидаанд.
Гарчанде ки дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ дар 40 давлати доротарин сатҳи камбизоатӣ 8 фоиз коҳиш ёфтааст, то охири соли 2021 69 миллион кӯдак дар оилаҳое умр ба сар мебурданд, ки даромади онҳо аз ҳисоби миёна 60 фоиз камтар буд.
«Камбизоатӣ ба кӯдакон таъсири манфии дарозмуддат мерасонад», — мегӯяд директори ЮНИСЕФ «Инноченти» Виктор Нилунд. — Дар аксари ҳолатҳо камбизоатӣ маънои онро дорад, ки кӯдакон дар шароити норасоии ғизо, лавозимоти мактабӣ ва надоштани сарпаноҳ ба воя мерасанд. Ин ҳуқуқҳои кӯдаконро поймол намуда, метавонад боиси бадтар шудани саломатии ҷисмонӣ ва руҳии онҳо гардад.
Мутахассисон бар он назар ҳастанд, ки оқибатҳои чунин мушкилот метавонанд давоми ҳаёти минбаъдаи кӯдак таъсири манфӣ дошта бошанд. Чунин кӯдакон аксар вақт аз таҳсил қафо монда, дар оянда муваффақ буданашон аз эҳтимол дур мебошад. Тибқи омор, дар баъзе кишварҳо, шахсоне, ки дар ҳолати бенавоӣ ба камол расидаанд, нисбат ба ҳамдиёрони худ дар маҷмуъ 8 сол камтар умр мебинанд.
Нобаробарӣ на танҳо дар дохили давлатҳо, балки дар байни онҳо низ ба вуҷуд меояд. Масалан, Словения ва Испания аз лиҳози даромад тақрибан дар як сатҳ қарор доранд, аммо дар аввалӣ мизони камбизоатии кӯдакон 10 дарсад ва дар дуюмӣ 28 дарсадро ташкил медиҳад.
Муаллифони таҳқиқот бар ин назар ҳастанд, ки новобаста аз сатҳи даромади мамлакат шароити зиндагии кӯдаконро метавон беҳтар намуд. Ҳамин тавр, Лаҳистон, Словения, Латвия ва Литва, ки онҳоро сарватмандтарин давлати Иттиҳоди Аврупо номидан мумкин нест, ба коҳиши назарраси нишондиҳандаи камбизоатии кӯдакон ноил гардиданд. Дар Британияи Кабир сатҳи камбизоатӣ дар байни сокинони ҷавони кишвар 20 фоиз ва дар Фаронса, Норвегия ва Швейтсария – то 10 фоиз афзоиш ёфтааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pixabay.com