ҶАСОРАТ, ШУҶОАТ, САДОҚАТ, МАТОНАТИ МАРДОНАГӢ ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ ВАТАН. Эҳдо ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ
ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муқаррар шудааст. Аз моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» бармеояд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти таъйиноти махсуси ҷумҳуриявӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, танзим ва идоракуниро дар соҳаи таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат ба амал бароварда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро ҳамоҳанг месозад, инчунин самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки мувофиқи моддаи 4-и ин қонун Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори таркибии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ мешавад.
АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ хазинаи хабару гузоришҳои худро вобаста ба фаъолияти ин мақомот ва сохторҳои он давоми як соли охир варақгардон намуд ва инак, муҳимтарин рӯйдодҳоро дар робита ба фаъолияти ин ниҳоди муҳими давлатӣ ва миллӣ пешниҳоди хонандагон менамояд.
28 майи соли 2023 ба ифтихори 29-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии «Айвоҷ» ва «Меҳнат»-ро мавриди истифода қарор доданд. Дар Отряди сарҳадии «Айвоҷ»- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври онлайн иншооти якчанд отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба таври онлайн фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав гузориш доданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии «Айвоҷ»-ро, ки ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик бунёд гардида буд, ифтитоҳ намуданд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.
Пас аз ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии «Айвоҷ»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизмат ва будубоши сарбозон, маркази назорати хатти сарҳади давлатӣ шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадии «Айвоҷ» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтӯр ва симхори барои муҳофизати хати сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.
Дар Отряди сарҳадии «Айвоҷ» дар ноҳияи Шаҳритус сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд, далерию ҷасорат ва садоқату матонати мардонагӣ ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатиро бар дӯш доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дидбонгоҳи сарҳадии «Айвоҷ» дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ бо афзоиш додани ҳайати шахсӣ, техникӣ ва иншооти сохтмонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст.
Дар рӯзи таҷлили иди сарҳадбонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харида, ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси «Айвоҷ» ва «Меҳнат» тақдим гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сарҳадии «Айвоҷ» ба 12 оилаи афсарон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Илова бар ин, 15 августи соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб»-ро ифтитоҳ намуданд. Дар баробари ҳамин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар отряди сарҳадии «Дарвоз» дидбонгоҳҳои муосири сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлонро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудааст, ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд. Дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сарҳадбонон аз сифр бунёд гардида, дар он барои адои хизмати афсарону сарбозон тамоми имконият муҳайё шудааст.
Дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб» аз маҷмааи бинои хонаи сарбозон бо 3 ҳуҷраи хоб барои 60 нафар иборат ёфта, бо тамоми лавозимоти хизмат, аз қабили рахти хоб, маводи шустушӯйии шахсӣ барои ҳар сарбоз пурра таъмин мебошад. Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ ошхонаи замонавӣ, ҳаммоми муосир бо ҳуҷраи буғӣ, ҳуҷраҳои маишию хизматӣ, китобхона, сартарошхона, ҳуҷраҳои кории хизматӣ, анбори нигоҳдории силоҳ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Бо мақсади бо ҷойи истиқомат таъмин намудани афсарон ҳамзамон дар назди дидбонгоҳи сарҳадии «Қалъаи Хумб» 4 манзили зисти дуҳуҷрадор бо ошхона ва ҳаммоми алоҳида барои оилаҳои афсарон сохта шудааст. Манзилҳои истиқоматӣ аз ҷиҳати сохтмонӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти рӯзгор, аз қабили техникаи маишӣ ва мебели нав пурра таъмин шудааст. Дар саҳни бинои дидбонгоҳ барои истироҳату фароғати фарзандони афсарон майдончаи замонавӣ сохта шудааст.
Ҳамзамон дар ҳудуди дидбонгоҳи навбунёд анбор барои нигоҳдории маводи ғизоӣ, сабзавот, хоҷагидорӣ, сӯзишворӣ ва амволи шайъӣ, ҷой барои нигоҳдории воситаҳои нақлиёт, майдони сафороии сарбозон ва майдончаи варзишӣ ташкил гардидааст.
Худи ҳамон рӯз дар отряди сарҳадии «Дарвоз» фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Панҷи вилояти Хатлон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав ба таври маҷозӣ гузориш доданд.
19 октябри соли 2023 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор Дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул»-ро ба истифода доданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шароити дараҷаи баландтарини хизмат, таълим, истиқомат, нигоҳдории техника ва дигар имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавасути таҷҳизоти видеоӣ — онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода супориданд. Сардорони дидбонгоҳҳо аз омодагии ҳайати шахсӣ барои муҳофизати сарҳади давлатӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар маҷмуъ дар ин рӯз дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё гардид. Дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқ ба талабот барои афсарону сарбозон шароит мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, толорҳои барҳаво барои хоб, ошхона бо таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, буғхона ва дигар имконият барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамин тариқ, соли 2023 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмони дидбонгоҳҳои замонавӣ, муҷаҳҳазгардонӣ ва бунёду ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ барои афсарон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида шуданд. Аз моҳи сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари давлат бунёди 78 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид ва ҳамаи он пурра дар муҳлати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи ҳарбӣ бо сифати баланд ба истифода дода шуд.
15 ноябри соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад. Бинои нав дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ буда, бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав толори алоҳидаи варзишӣ ташкил гардидааст, ки он бо дастгоҳҳои машқу тамрин муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин иншоот дорои толори алоҳидаи маҷлисӣ, ошхона, ҳуҷраҳои замонавии машваратӣ буда, корҳои сохтмонии он бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
14 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад. Бинои воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.
Дар баробари ифтитоҳи иншооти муосири хизматӣ сарҳадбонони Ватан давоми соли равон аз сар задани чандин амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон пешгирӣ намуданд. Чунончӣ, шаби 29 ба 30 августи соли равон се аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ хати сарҳади Афғонистону Тоҷикистонро дар минтақаи Кеврони ноҳияи Дарвоз вайрон намуданд. Ин далел сари вақт аз тарафи сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор гардида, гурӯҳи махсуси амалиёти зиддитеррористӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид. Қаламрави масири ҳаракати террористон дар минтақаи наздисарҳадӣ иҳота ва зери назорат гирифта шуд.
Субҳи 5 сентябри соли равон дар лаҳзаи мувофиқ, дастаи зиддитеррористии амниятӣ ҳалқаи иҳотавиро дар макони будубоши террористон маҳдуд сохта, аз аъзои гурӯҳи террористӣ талаб намуд, ки таслим шаванд. Террористон ба амри кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз тамоми намуди силоҳи дар ихтиёрдоштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ се аъзои гурӯҳи террористии саропо мусаллаҳ безарар гардонида шуданд.
Маълум шуд, ки дар баробари силоҳҳои дар ихтиёри террористон қарордошта қаблан аз ҳудуди кишвари ҳамсоя миқдори ҳаҷман калони аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, воситаҳои алоқа барои таъмини террористон интиқол ва дар пинҳонгоҳ ҷой шудаанд. Дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ: 5 автомати Калашников, 2 силоҳи снайперии М-16, 1 карабини М-4, 1 таппончаи тамғаи «JF», 1 таппончаи «Беретта», 2 таппончаи СZ Р07, 9 норинҷаки дастии Ф-1, 4 норинҷаки дастии GP М-67, дафтарҳои аъзои гурӯҳи террористӣ бо харита, нишонаҳо, рӯйнависҳои тарзи омода намудани маводи тарканда, шаклҳои ҷойгир намудани онҳо дар шароити хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои давлатӣ, макони серодам ва дигар санадҳо, маблағи калони пулӣ ва ҳазорон адад тирҳо ва дигар маводи ҷангӣ дарёфту мусодира шуданд.
Дар натиҷаи таҳқиқ, озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда ва ҷасади террористон муайян гардид, ки ҷинояткорон Бобоҷонов Зариф Маҳмудҷонович (бо лақаби «Усмон»), Баҳодуров Фарҳод Башарович (лақабаш «Абу Мусъаб»), Қосимов Аҳтам Султонович (лақабаш «Убайда») аъзои ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошанд.
Тавре аз хабари расмии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бармеояд, талоши аъзои ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҷиҳати ноором сохтани вазъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал нест. Қаблан 26 апрели соли равон 2 аъзои ин ташкилот бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ рахна карда, ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҳарду террорист безарар гардонида шуданд.
Таҳлил ва арзёбии далелҳои муътамад нишон медиҳад, ки ин амалиёти террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои алоҳида ҳадафмандона тарҳрезӣ шудаанд.
Тавре дар боло гуфта шуд, 26 апрели соли 2013 ду аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон убур намуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид.
Расо як сол қабл, 28 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки «оғози фаъолияти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таъйиноти махсуси татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ ба давраи ниҳоят ҳассосу душвори солҳои 90-уми асри гузашта рост омад ва фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ дар баробари дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар шароити бениҳоят вазнину печидаи ҷамъиятиву сиёсӣ ва мушкилоти молиявию иқтисодӣ барқарор гардида, таҳким бахшида шуд».
Маҳз дар ҳамон давраи ҳассосу сарнавиштсоз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, дар амалиёти зиёди ҷангӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ ба муқобили дастаҳои террористиву экстремистӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, марзшиканӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик фаъолона иштирок намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ёдовар шуданд, ки кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат саҳми назаррас гузошта, вазифаҳои худро тибқи талаботи қонунгузории мамлакат сарбаландона иҷро намуданд.
Дар он мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакатро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, омодагии ҷангӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ, донишҳои ҳуқуқиву сиёсӣ, инчунин маданияти касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии хавфу хатарҳои терроризму экстремизм ба амнияту суботи ҷомеа, ҳолатҳои воридшавии ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳудуди мамлакат ва пешгирӣ аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову экстремистӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»