Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ

Декабрь 2, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». (Садриддин Айнӣ)

Давоми ҳафтаи гузашта нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Халқ овози», «Минбари халқ», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Омӯзгор», «Мароми пойтахт», «Боҷу хироҷ» ва дигар  воситаҳои ахбори оммаи чопӣ оид ба рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, варзишӣ ва навигариҳои ҷаҳони муосир хабару гузориш ва мақолаҳо пешниҳоди хонандагон намуданд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар мавзуи  риоя нашудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоту идораҳои назоратӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ пешгирӣ нашудани ҷашну маъракаҳои навбаромад, аз ҷумла ҷашни худсохти дигар — «Тифлбаророн аз таваллудхона» зери садои карнаю сурнай, оҳангу сурудхонӣ ва аксбардорию наворбардорӣ гузориши матбуотӣ нашр намудааст.

Нашрия навиштааст: «Хабарнигори рӯзнома зимни сафари корӣ ҳолати «Тифлбаророн аз таваллудхона»-ро дар назди шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мушоҳида намуд. Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Ёвон дар шафати роҳи калони кӯчаи марказии ноҳия воқеъ буда, садои баланди карнаю сурнай аз дохили ҳавлии Беморхонаи марказии ноҳия диққати моро ба худ ҷалб карду ба саҳни ҳавлии беморхона ворид шудем ва шоҳиди он гардидем, ки гурӯҳе тифли навзодро зери садои баланди карнаю сурнай, наворбардорию аксгирии бодабдаба аз таваллудхона берун меоварданд. Табибону момодояҳо, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони шуъбаи таваллуд бо чеҳраҳои пуртабассум навзодро гусел мекарданд. Шумораи зиёди хешовандону наздикони падару модари навзод низ гирд омада, бо рақсу бозӣ тифлакро дасти ба даст ба мошини сабукрави хориҷии бо гулҳои рангоранг орододашуда савор намуда, ба хонааш гуселониданд. Баъди мушоҳидаҳо зарур шуморидем ба роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳия ва мудири шуъбаи таваллуд муроҷиат намоем. Мутаассифона, мудири шуъбаи таваллуд Абдухолиқ Ҷӯрабековро пайдо карда натавонистем. Ба гуфти ­масъулин, сардухтур дар рухсатии меҳнатӣ буда, иҷрои вазифа ба дӯши муовини аввали сардухтур Фирӯз Холов вогузор шудааст. Дар куҷо будани муовини аввалро касе аз кормандон муайян карда натавонист. Ҳатто масъулияти раисии комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими беморхона ба дӯши кӣ буданашро касе намедонад. Кӯшиш кардем нозири минтақавиро бубинем, вале аз ӯ низ дарак набуд, зеро ба муроҷиати мо маъмурияти беморхона ва кормандони шуъбаи таваллуд аҳамият намедоданд… Сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Ёвон Неъматулло Ҳаитзода изҳор дошт, ки «Тифлбаророн аз таваллудхона» расми нави мардумӣ мебошад ва он дар оянда баъди ба миён омадани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонун ворид мешавад…  Мутаассифона, роҳбарият ва дигар масъулони беморхона ва шуъбаи таваллуд фаромӯш намудаанд, ки дар ин муассисаи табобатӣ беморони дорои бемориҳои гуногун бистарианд. Шояд яке дар ҳолати вазнин, дигаре дар ҳолати баъди ҷарроҳӣ ва ғайра қарор доранд. Магар садои баланди карнаю сурнай дар ҳавлии беморхона ба гӯши беморон ва наздикони онҳо хуш меояд? Оё чунин рафтори иддае аз шаҳрвандон аз рӯи инсофу фаросат аст? Ин саволро муаллифи мақола дар интиҳои он матраҳ намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» бо сарлавҳаи  «Рисолати ҳеҷ як дин дар асл бунёди давлат нест» мақолаи таҳлилии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзодаро чоп намудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили рӯйдодҳои ногувори замони зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ихтилофи давлатҳо  навиштааст: «Замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ — демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ суиистифода менамояд. Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад. Дар ин таҳдиди марказонидаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷойе ба ҳам иртибот пайдо менамоянд. Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан, зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад».

Воқеан ҳам дар замони муосир ҳар шаҳрвандро мебояд дар паҳлуи мақомоти давлатӣ аз манфиатҳои миллат ва давлати хеш ҳимоя намояд.

Дар идомаи мақола А.Холиқзода оид ба мақоми дин андешаҳояшро иброз доштааст: «Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ як дин дар умқи пайдоишаш нахуст сиёсӣ набудааст. Баъдан, талаботи иҷтимоӣ, қонунияти зиндагии дастҷамъӣ ва манфиатҳо онҳоро сиёсӣ намудаанд. Зеро мақсади марказии ҳар дин дар баробари шинохти Офаридгор ҳидоят ба амалҳои шоиста ва ташаккули инсони солеҳ буда, паҳнои таъйиноти аслаш қалби инсонӣ мебошад. Аз ҷумла, дини мубини ислом низ. Аз ин хотир, динҳо аз рӯзи аввали бунёдашон ҳамчун объекти марказии тарғиб ба амалҳои шоистаи некукирдорӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат ва озодиҳои ботинӣ такя намуда, ҳамеша ҳидоят ба ғалабаи некӣ бар бадиро ҳамчун хати марказии таълимоти худ дар андешаи башарият ҷой мекарданд».
Муаллиф навиштааст, ки: «дуруст аст, ки дар тангнои таърихӣ зери фишори заруратҳо ислом низ сиёсӣ шуд, вале ин симат асли таълимоти ибтидоии дини ислом набуд. Зеро рисолати ҳеҷ як дин дар асл бунёди давлат нест ва ҷаҳонбинии динӣ на ҳамчун сиёсати давлатӣ, балки ҳамчун таълимоти эътиқодӣ рӯйи кор омадааст. Бинобар он, дар масири таърих афкори мусбати динӣ ва таҷрибаи зиндагии дастҷамъонаи мардуми мусулмон сиёсисозии динро ба баҳсҳо кашид ва роҳҳои наву мухталифи дигари рушдро интихоб намуд».

Ба андешаи муаллифи мақола, мазҳаби бобоии мо бо низоми идораи давлати миллӣ ва дунявии мо таърихан мушкилӣ надорад. Лекин аниқ аст, ки ҳадафу мақсадҳои нопоки наҳзатиёну душманони давлату миллати тоҷик на дар мазҳаб ва ойини эътиқодии мо, балки дар пояи ғаразҳои шахсию гурӯҳии онҳо реша дорад.

А.Холиқзода бо эътимоди комил менависад, ки дар шароити муосири фасодшавии ҷомеаҳо давлатҳои миллиро на демократияи либералӣ, на тантанаи ҳуқуқҳои шахсӣ, на озодиҳои бесарҳад ва ҳатто на рушди бемайлони иқтисодии ҷомеаи сармоядорӣ, балки рушди маориф, илм, ахлоқ ва татбиқи қатъии ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил ва сатҳу сифати мутобиқ ба талаби замону макон дар ин раванд наҷот хоҳад дод. Дуюм, бетараф набудан нисбат ба худ, нисбат ба оила ва нисбат ба Ватан, ки пайваста Пешвои миллат моро ҷиҳати тарбияи маънавии шахс, устувории оила ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки ин қишрҳои мухталифи ҷомеа бояд пайваста эҳсос намоянд, ки давлати ҷавони миллӣ, ки ба вай ҳамаи мо такя мекунем ва аз он саодати хешро ҷӯё мешавем, мисли ҳар як организми зиндаи иҷтимоӣ ба садоқату заҳмати софдилонаи мо зарурати таърихӣ дорад. Зеро аз садоқату муҳаббати мо ба Ватан амнияти фазои мафкуравӣ ва аз заҳмати софдилонаамон рушди фазои илмӣ ва иҷтимоию иқтисодии давлат ва ободии фардои Ватан вобаста аст. Ватандӯст будан дар шароити имрӯз барои ҳар фарди ҷомеа ниҳоят зарур мебошад. Ватанро бо забон не, бо зоҳири амалҳо не, чуноне ки бисёриҳо худнамоӣ менамоянд, балки Ватанро ба сони давлату миллат, падару модар, ҳамсару фарзандон, саодати оилавӣ ва амнияту оромии комили худу наздикон дарк намуда, ба қадри он расидан ва бо қалб дӯст доштану бо руҳамон ҳастии маънавии онро ҳамчун ҳақиқати бебаҳси ҳастии худ ва пайвандонамон эҳсос намудан зарур аст.

Воқеан ҳам андешаҳои директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати ӯ шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат барои ҳамзамонон мебошад.

А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»

Декабрь 2, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст