Аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» давлати мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи расмии «Ҷумҳурият» аз 12 декабри соли 2023 пешниҳоди хонандагон шудааст.
Дар идомаи мавзуи энергияи «сабз» ва тағйирёбии иқлим мақолаи таҳлилии корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадича Суфизода нашр шудааст. Муаллифи мақола навиштааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарурати таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2026» изҳори назар намуда буданд. Ҳадаф аз ин барнома фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ, истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд намудани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам намудани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад. Муаллиф дар идомаи мақола оид ба иқдоми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии энергияи «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоту суҳбатҳои сатҳи баланди Сарвари давлат дар ин самт ёдовар шуда, муваффақияти мамлакатро нишон додааст.
Нашрия ҳамчунин дар ин шумора оид ба марҳалаи нави рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Турсунзода, корҳои ободониву бунёкорӣ ба ифтихори 35-солагии ҷашни миллӣ дар шаҳри Ваҳдат, рушди иқисодиву иҷтимоии ноҳияи Шуғнон дар даврони истиқлоли давлатӣ, тақвияти робитаҳои дӯстиву бародарӣ байни сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздисарҳадии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мисоли ноҳияи Исфара, барқарорсозии майдонҳои терескен (рустании серғизои худрӯй — хӯроки асосии чорвои хонагӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ) дар ноҳияи Мурғоб, пешравиҳо дар соҳаи саноат ва кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, бунёд шудани 8 пули нақлиётгузар дар деҳоти Ванҷи боло ва Язғулом мақолаҳо ва хабару гузоришҳо чоп намудааст, ки бешак, аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта мешаванд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 11 декабри соли 2023 оид ба иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гузориши муфассал нашр намудааст. Нашрия ҳамчунин аз сафари кории Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва аз баргузор шудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода, баррасии лоиҳаи қонунҳо дар ҷаласаи Шурои палатаи поёнии парлумони мамлакат хабарҳои муфассал чоп намудааст. Таҳти рубрикаи «Аз Паём то Паём» мақолаи прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темур Салимзода бо сарлавҳаи «Таҷассумгари сиёсат ва симои давлат» пешкаши хонандагон шудааст. Муаллиф чунин нигоштааст: «Дар баробари дигар рӯйдоди фараҳбахш шуруъ аз соли 2000-ум дар мамлакат ироаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор ба ҳукми анъана даромад.
Қобили тазаккур аст, ки аввалин маротиба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 27 апрели соли 2000 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Бегуфтугӯ, эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки давлати мо дар ин самт бо қадамҳои устувор пеш меравад, қабл аз ҳама, ташаккули шохаҳои мустақили ҳокимият ва ниҳодҳои давлатии мутобиқ ба принсипҳои демократии давлатдориро тақозо менамояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки дар даврони истиқлолият бо роҳбарии хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тавассути ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ заминаҳои мустаҳками давлатдории муосир фароҳам гардид».
Муаллифи мақола аз фаъолияти босамари кормандони мақомоти прокуратураи мамлакат ба муқобили терроризм ва экстремизм ёдовар шуда, ҳамчунин суханони Пешвои миллатро нисбат ба кормандони мақомоти прокуратура иқтибос намудааст: «Кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҷассумгари сиёсат ва симои давлат мебошанд. Мардум аз рӯи рафтору кирдор, маҳорат ва сатҳи касбият, донишу маърифат, поквиҷдонӣ, маданияти муошират ва муносибати шумо ба уҳдадориҳои мансабӣ, инчунин садоқат ба давлату миллат, сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ баҳо медиҳанд».
Дар идомаи мавзуи терроризм ва мубориза ба он Темур Салимзода барҳақ навиштааст, ки «вақтҳои охир дар бораи терроризм зиёд мегӯянду менависанд. Рӯзафзун гардидани дарки моҳияту хатари ин масъала ба авзои ҷаҳони муосир рабт дорад. Чанд сол қабл ҷомеаи Аврупо муътақид буд, ки онҳо аз терроризму террористон эмин ҳастанд, вале сахт иштибоҳ намуданд.
Маҳз ба «шарофат»-и муносибати духӯраи онҳо солҳои охир хатар ва таҳдидҳое, ки аз терроризму ифротгаройӣ маншаъ гирифтаанд, бесобиқа доман паҳн намуда, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористию ифротгаро фаромарзию фаромиллӣ гардид. Дар робита ба ин бамаврид аст, ки таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (22 декабри соли 2017) иқтибос орем: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо намудан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад». Гузашти вақти на он қадар зиёд собит намуд, ки муайяну мушаххас намудани принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм: мукаммал намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ ва мубориза бо он, мавриди истифода қарор додани усулҳои наву муассири бартараф намудани оқибатҳои амали террористӣ бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ зарур ва ногузир аст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»: «терроризм ин мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад. Террорист шахси воқеӣ аст, ки дар амалӣ намудани фаъолияти террористӣ дар ҳама шакл иштирок менамояд ё мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад».
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз 13 декабри соли 2023 музокираҳои иштирокдорони маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро, ки бо ҳузури Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, нашр намудааст. Дар маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарони сохтору идораҳои дахлдор, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таъмини истиқлоли комили давлат, таҳкиму тавсеа бахшидани он имрӯз ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ ва муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста аст. Бо ҳамин сабаб, дар маҷлиси муҳимми ҳизбӣ масъалаҳои густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда буд.
Дар идомаи мавзуъ ҳамчунин бахшида ба 29 соли таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нашрия бо сарлавҳаҳои «Ҳизби зодаи замони истиқлол», «ҲХДТ бо халқ ва дар хизмати халқ», «29 соли фаъолияти пурсамар ва чашмрас»-ро ба хонандагон пешниҳод намудааст.
А. САНГЗОДА,
АМИТ«Ховар»