Ба кормандони ширкатҳои пешрафта чиро ва бо кадом роҳ меомӯзонанд?

Декабрь 4, 2023 15:38

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки то ҳоло дар ҷумҳурӣ мавҷуд набуданд, бояд дорои донишҳо ва технологияҳои замонавӣ буд. Пас, кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки бо неруи худ тарофаҳои нодир, замимаҳои мобилӣ ва чат-ботҳо таҳия менамоянду таҷрибаи беҳтарини робита бо мизоҷонро ташкил менамоянд, бо кадом роҳ сатҳи касбии худро нигоҳ медоранд? Ҳама гап сари системаи омӯзишие аст, ки оператор пешбинӣ намудааст. 

Якум ва аз ҳама муҳим: омӯзиш аз ҳисоби ширкат гузаронида мешавад. Албатта, мутахассисони МегаФон худ доимо дар роҳи инкишоф мебошанд, адабиёти соҳавиро мутолиа менамоянд, онлайн-машғулият мегузаранд, лекин дастраскунии чунин донишҳо на ҳамеша муяссар мешавад. Вале машғулияте, ки бизнес-тренерҳои касбию коршиносони даъватшуда мегузаронанд, тамоман гапи дигар аст.

Дар ширкат ҳама аз омӯзиш мегузаранд: ҳам коргарони наве, ки танҳо донишгоҳро хатм намуда омадаанд ва ҳам мутахассисони ботаҷриба, кормандони Хадамоти мизоҷон, ки бевосита бо муштариён кор мебаранд, муҳандисон, маркетологҳо, мутахассисони соҳаи IT, мутахассисони қаторӣ ва топ-менеҷерҳо. Дар Душанбе ва ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон.

Кормандони нав аз асосҳо оғоз менамоянд. Масалан, кормандони Front Line ба таври муфассал тарофаҳо ва хизматрасонии рақамии ширкатро меомӯзанд, бо стандартҳои хизматрасонӣ ва фурӯшҳо бо сабки МегаФон шинос мешаванд. Кормандони Хадамоти мизоҷон пас аз чунин машғулияти муқаддимавӣ мунтазам ҷамъ омада, доир ба усулҳои нави хизматрасонӣ маълумот пайдо менамоянд, аз болои хатоҳо кор мебаранд, ҳолатҳои ғайристандартии дар рафти муошират бо мизоҷон бамиёнояндаро матраҳ менамоянд.

Барои мутахассисони ботаҷриба омӯзиш дар мавзуъҳои амиқтар ба эҳтиёҷоти тиҷорат, шуъбаи мушаххас ва ҳадафҳои рушди кормандон мутобиқ мешавад. Баъзе одамон ба тайм-менеҷмент, фарҳанги мукотибаи корӣ, асбоби идоракунӣ ниёз доранд, ба дигарон ба донишҳои маҳдуд дар IT, маркетинг ва дигар соҳаҳое, ки ба кори ширкат алоқаманд ҳастанд, ниёз доранд. Ҳар дархост ҳатман мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар оғози соли навбатӣ барномаи чорабиниҳои омӯзишие, ки барои кормандон ройгон гузаронида мешаванд, тартиб дода мешавад.

Омӯзиш чӣ тавр мегузарад? Ҳар хел. Ин метавонад машғулияти кӯтоҳмуддати иборат аз якчанд соат, тренинги серӯза ё дарсҳои якчандмоҳа бошад. Ҳамааш аз мавзуъ, аз он ки чӣ гуна донишҳо бештар ба кормандон зарур ҳастанд, вобаста аст. Вақтҳои охир шакли онлайн фаъолона инкишоф меёбад. Пайдокунии маълумоти зарурӣ дар платформаи корпоративии омӯзишии «Онлайн академия МегаФон» ё китобхонаи электронии «МИФ» ҶСО «МегаФон», ки алҳол ба он ҳамкорони тоҷики мутахассисони алоқаи Русия низ пайвастанд, имконпазир аст.

«Барои мо муҳим аст, ки кормандони мо пайваста рушд намоянд. Мо курсҳои онлайнӣ, муосиртарин обунаҳои IT-ро мехарем, беҳтарин коршиносонро аз дигар мамлакатҳо даъват менамоем ва иштироки кормандони асосии МегаФонро дар конфронсҳо дар саросари ҷаҳон таъмин месозем.  Мо барномаҳои омӯзишӣ барои вазифаҳо, мавқеъҳо ва траекторияҳои рушди шахсӣ таҳия менамоем. Кормандони МегаФон аъзои ҷомеаҳои касбии байналмилалӣ буда, дар вохӯриҳо ва дигар шаклҳо барои табодули таҷриба иштирок менамоянд. Ҳамин тавр ба мутахассисони мо муяссар мешавад, ки дар касбу кори худ пеш раванд, маҳсулоти нодир эҷод созанд ва талаботи баланди мизоҷонро қонеъ намоянд», — мегӯяд директор оид ба ҳайати кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анна Жданова.

Мехоҳӣ тавре кор кунӣ, ки аз натиҷаҳоят ифтихор намоӣ ва худро ҳаррӯза такмил диҳӣ? Ба қисми «Ҷойҳои холии корӣ»-и сомона гузар, кори дилхоҳи худро интихоб намо ва ҳамроҳи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба пешравиҳо ноил шав!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 4, 2023 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан Академияи махсуси футболи касбӣ барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба технологияҳои инноватсионии истихроҷ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун иқдоми экологӣ гузаронида шуд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир гардид
Доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Лахш дар 5457 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд