Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия Ник Назми Ник Аҳмад мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар самтҳои ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия Ник Назми Ник Аҳмад дар Дубай баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб баргузор шуд.
Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба мониторинги сифати ҳаво, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба коркарди партовҳо, марҳила ба марҳила даст кашидан аз халтаҳои пластикӣ баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд.
Ҳамзамон, Вазири захираҳои табиат, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия ҷаноби Ник Назми Ник Аҳмад нақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карда, саривақтӣ будани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро таъкид намуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкории густурда дар самтҳои ҳифзи муҳити зист доир шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






