Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ,09.12.2023/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳамлу нақл дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Тӯрахонов дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз намуд, ки Тоҷикистон бо Қазоқистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт ҳамкории зич дошта, айни ҳол бо Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ дар масири Хуҷанд — Шимкент, Хуҷанд — Уш Конир, Бохтар — Саригаш, Хуҷанд – Жибек Жоли ва Хуҷанд – Иргели фаъолият доранд. Дар давоми 11 моҳи соли равон шумораи мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5259 нафарро ташкил додааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз тарафи Роҳи оҳани Казоқистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз 30 то 50 фоиз сабукӣ пешниҳод шудааст, ки ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат мекунад.
Сафири Қазоқистон низ аз ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи роҳу нақлиёт изҳори қанаоатмандӣ намуда, гуфт, ки ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду давлат, бахусус дар соҳаи ҳамлу нақл мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






