Бар асари тӯфони «Мичаунг» дар ҷанубу шарқи Ҳиндустон 17 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иёлати Тамилнад дар ҷанубу шарқи Ҳиндустон бар асари тӯфони «Мичаунг» 17 нафар ҳалок шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Тавре полиси маркази иёлат — шаҳри Ченнаи, ки зарбаи асосии офат ба ин минтақа рост омадааст, иттилоъ медиҳад, бештари одамон дар натиҷаи ғарқшавӣ дар минтақаҳои поёноб ва бар асари зарбаи неруи барқ ҳангоми афтидани симҳои хати интиқоли барқ ҳалок гардидаанд, аз ҷумла дар ин ҳодиса чанд нафар наҷот ёфтанд.
«17 нафар дар натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни бар асари обхезию тӯфон баамаломада ҳалок шуданд. Тақрибан 10 ҳолати ғарқшавӣ ва зарбаи неруи барқ сабт шуд, ки дар робита ба он ёрии саривақтии тиббӣ расонида шудааст», — гуфта шудааст дар гузориши полис.
Ҳоло неруи тӯфон андак паст фаромада, ҳамроҳ бо бориши пуршиддат ба самти иёлати Андҳра — Прадеш ҳаракат менамояд, иттилоъ медиҳад Департаменти обуҳавошиносии Ҳиндустон.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






