Бар асари заминларза дар шимолу ғарби Чин 111 нафар ба ҳалокат расиданд

Декабрь 19, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларза дар музофоти Гансу ва Тсинхай беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус Телевизиони марказии Чин иттилоъ додааст.

Теъдоди ҳалокшудагон дар Гансу ҳоло ба 100 нафар ва дар Тсинхай ба 11 нафар расидааст. Қаблан дар бораи беш аз 230 ҳалокшуда хабар расида буд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дастур дод, ки барои ҷустуҷӯ ва наҷоти мардум, инчунин рафъи оқибатҳои заминларза дар Гансу тамоми талошҳо ба харҷ дода шаванд, хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Амалиёти ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ бинобар шароити душвори метеорологӣ ва ҷуғрофӣ мураккаб мегардад. Шабона дар лаҳзаи заминларза ҳарорати ҳаво дар берун то -14 дараҷа поён фаромад. Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар 10 рӯзи оянда дар минтақаи зилзила ҳаво рӯзона то 5 дараҷа гарм шуда, шабона то -14 дараҷа хунук мешавад. Баландии миёна аз сатҳи баҳр дар минтақаи кӯҳсоре, ки зилзила рух додааст, 2000 метрро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи мухтори Тсзшишан-Баоан-Дунсиан-Солори минтақаи мухтори музофоти Гансу нисфи шаб ба вақти Пекин заминларза бо шиддати то 6,2 дараҷа сабт шудааст, ки манбаи он дар умқи 10 километр ҷойгир будааст. Мақомоти Чин пас аз заминларза дар музофоти Гансу аз чор сатҳ дараҷаи дуюми вокуниши изтирорӣ ба заминларзаро ҷорӣ намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 19, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд