БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Президенти Тоҷикистон ба нақши занон дар бунёди давлати миллӣ аҳамияти хосса медиҳанд

Декабрь 29, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 29.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати муҳиме аст, ки самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян месозад. Он аз лиҳози ҳуқуқӣ таркиби мушаххас дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, солҳои гузаштаро дар муқоиса таҳлил менамояд ва барои солҳои минбаъда вазифа мегузорад. Бешубҳа, на танҳо вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Маҷлиси миллӣ, балки тамоми аҳолии мамлакат Паёми солонаи Президенти Тоҷикистонро интизор ҳастанд, зеро Паём воқеан тақдирсоз ва муайянкунандаи самтҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсати берунии ҷумҳурӣ мебошад. Чунин баёни назар намудааст ба АМИТ «Ховар» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён.

«Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман таъсири бисёр амиқ гузошт. Дар он самимияти афзун, муҳаббату ғамхорӣ эҳсос гардида, таҳлилҳои гуногунпаҳлуи илмиву мантиқӣ ва тавсияҳои руҳбаландкунанда иброз шудаанд. Дар баробари масъалаҳои муҳими иқтисодӣ нақши занон дар самтҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нақши онҳо дар иҷрои қонун ва тарбияи фарзандон таъкид гардидааст», — мегӯяд мусоҳиби мо.

Хусусан дар масъалаи занон ва ҷавонон дар Паёми навбатӣ тавсияҳои арзишманд садо доданд.

Раъно Бобоҷониён изҳор дошт, ки «ман ҳамеша ба худ савол медиҳам, ки дар кадом ҳолат занон дар баробари мардон дар хизмати давлатӣ рақобат намуда метавонанд? Албатта, танҳо ҳамон вақте ки маълумоти олӣ доранд, мутахассис ҳастанд, забонҳои хориҷиро аз худ менамоянд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала иброз доштанд, ки «аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд».

Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи сиёсати пайдарпай, фарогир ва арзишманди Сарвари олии мамлакат мебошанд, ки ба занону духтарон ғамхории зиёд зоҳир менамоянд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки дар муқоиса бо замони то соҳибистиқлолӣ шумораи занон маълумоти олидор дар Тоҷикистони имрӯза зиёд гаштааст: «Беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Соли 1989 ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону духтарон соҳиби маълумоти олӣ буданд».

Воқеан бо шунидани ин рақамҳо бори дигар месазад, ки соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу амониро дар Ватани маҳбубамон муқаддасу азиз донем, ба қадри озодӣ бирасем ва онҳоро ҳамчун арзишҳои миллию давлатӣ қабул намоем.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 29, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид