Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс беҳтаринҳои соли 2023 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс баргузор шуд. Аз ҳисоби ғолибони ин чемпионат дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд, иштирок менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ туҳфа намуд. Аз ҷумла, ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра – 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдим шуд.
Дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок намуд. Шумораи занон дар ин мусобиқа 57 нафарро ташкил дод.
Дар он байни занон Сумайя Қосимова (вазни -48кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (-51кг), Рухсора Қурбонова (-52кг), Фариза Ёқубова (-54кг), Дилдода Асақолова (-57кг), Дилноза Нуримова (-60кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63кг), Малика Нозимова (-66кг), Мавлуда Одинаева (-70кг), Дилрабо Холмуродова (-75кг), Гуларус Шоева (-81кг), Фарзона Каримова (+81кг) ва Меҳроҷиддин Баротов (-48кг), Меҳрон Шафиев (-51кг), Меҳроҷ Зоҳидов (-54кг), Асрор Воҳидов (-57кг), Абубакр Муродзода (-60кг), Баҳодур Усмонов (-63,5кг) байни мардон унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023-ро сазовор шуданд.
Ҳамчунин Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) байни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки ду варзишгари тоҷик– Давлат Болтаев (-92кг) ва Миҷгона Самадова (-57кг) дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.
АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






