Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд

Декабрь 2, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 02.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкор-мутахассиси соҳаи байторӣ Саидмумин Солизода бо риояи талаботи муосир сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ошёнаи якуми бино дорухона ва мағозаи фурӯши хӯроки чорво ҷойгир шуда, ҳамзамон дар оянда дар як қисмати он иловатан нуқтаи бордоркунии сунъии чорво низ ба нақша гирифта шудааст. Ошёнаи дуюми бино барои гузаронидани ҷаласаҳо, машварат ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи байторию зотпарварӣ дар назар дошта шудааст.

Дар рӯзи ифтитоҳ дар он дар мавзуи «Тарзи дурусти истифодаи дорувории байторӣ» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Иброз гардид, ки дар минтақа саршумори чорвои хурду калон рӯ ба афзоиш дорад, бинобар ин ифтитоҳи чунин дорухонаи нави байторӣ дар минтақа ба он мусоидат менамояд, ки чорводорон сари вақт дорувориҳоро дастрас намоянд. Ба истифода додани чунин дорухонаҳои байторӣ, нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки чорво минбаъд ба афзун гардидани саршумор ва маҳсулоти чорво дар қаламрави ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат имконияти хуб фароҳам меорад.

Дар ифтитоҳи марказ намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон, ширкатҳои воридкунандаи дорувории байторӣ, марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ, инчунин собиқадорону мутахассисони соҳаи байторӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст