Дар Душанбе нархгузорӣ, ҷуброни арзиши доруҳо ва беҳтарнамоии идораи бемориҳои ғайрисироятӣ баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Нархгузорӣ ва ҷуброни арзиши доруҳо ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии клиникии бемориҳои ғайрисироятӣ» ҳамоиш оғоз шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар давлатҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки тавассути Барномаи дастрасӣ ба дорувориҳо ва Барномаи мубориза бо бемориҳои ғайрисироятии Дафтари минтақавии Аврупо, инчунин дафтари намояндагӣ дар Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба нақша гирифтааст, ки имкониятро барои рушди таҷрибаи техникӣ ва малакаҳои амалӣ тавассути нишон додани консепсияҳои асосии нархгузорӣ ва ҷубронсозии арзиши дорувориҳои асосие, ки барои идоракунии клиникии бемориҳои афзалиятноки ғайрисироятӣ дар марҳилаи амбулаторӣ истифода мешаванд, фароҳам орад.
Ҳамоиш дар шакли омӯзиш-тренинги амалӣ то 22 декабр идома меёбад. Он муаррифии мавзуӣ, муҳокимаҳои равишҳои асосӣ дар сиёсати таъминот бо дорувориҳо, бахусус, нархгузорӣ, интихоб ва ҷуброни хароҷоти маводи доруворӣ барои идоракунии бемориҳои ғайрисироятӣ, инчунин машғулият зимни гурӯҳҳо ва машқу тамринҳоеро, ки ба инкишоф додани малакаҳои амалии ин соҳаҳо нигаронида шудаанд, дар бар мегирад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






