Дар Душанбе вобаста ба таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ машварат баргузор гардид

Декабрь 1, 2023 10:30

 ДУШАНБЕ, 01.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар занҷираи истеҳсолӣ» машварати ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад.

Машварат бо мақсади омӯзиш ва таҳлил намудани масъалаҳои мустаҳкам намудани назорати раванди занҷираи истеҳсолӣ, пешгирии ҳолатҳои ба бозорҳои истеъмолӣ ворид намудани маҳсулоти пастсифат, мукаммал гардонидани таъмини низоми идораи давлатии бехатарии озуқаворӣ, риояи стандартҳои бехатарии байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои савдои байнидавлатии маҳсулоти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сиҳатии аҳолӣ доир шуд.

Дар машварат дар мавзуъҳои «Саҳми Кумитаи  бехатарии  озуқаворӣ дар таъмини сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқи чораҳои фитосанитарӣ — гарави фаровонҳосилӣ», «Эминии эпизоотологӣ ва бехатарии озуқаворӣ», «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ- омили таъмини бехатарии маҳсулот», «Роҳҳои пешгирии заҳролудшавӣ аз маҳсулоти озуқаворӣ», «Вазъи эпизоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазъи эпизоотӣ нисбат ба бемории илтиҳоби гиреҳии пӯсти чорвои калони шохдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бемории брутселлёз: мушкилот, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он», «Хавфҳои таъсиррасон ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити равандҳои номуайяни сиёсати агроозуқавории ҷаҳони имрӯза» аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Иштирокдорон вобаста ба мавзуи машварат баёни андеша намуда, баргузор намудани чунин машваратро дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат- таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва такмили сатҳи донишу таҷрибаи мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд