Дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Иматшо Нодирзода афзуд, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рӯз гузаронида шуда, ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ дар паҳн намудани маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва машваратҳои корӣ саҳм мегузоранд.
18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва 4 декабри соли 2000 ассамблея Рӯзи байналмилалии муҳоҷиронро, ки ҳамасола 18 декабр гузаронида мешавад, ба расмият даровард. Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё торафт меафзояд. Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобидааст.
Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки ҳамкории худро бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурзӯр намуда, ба натиҷаҳои назарраси фаъолият ноил гардад.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба фаъолони соҳа Ифтихорнома ва Сипосномаи Хадамоти муҳоҷират супорида шуд.
АКС: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






