Дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе 200 нафар, аз ҷумла 90 ҷавон ба ҳайси пешхизмат дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳимии ноҳияи Синои пойтахт Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» мавриди истифода қарор дода шуд.
Бунёди маркази мазкур дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои муаррифии бештари таомҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, фарҳанги меҳмоннавозии хоси тоҷикона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Марказ дорои ду ошхона ва се толор, аз ҷумла толори ош, тарабхонаи миллии оилавӣ ва толори баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун буда, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот ва дигар шароити муосири хизматрасонӣ, аз ҷумла мониторҳои намоишӣ таъмин мебошад.
Дар марказ ҳамчунин ду толори хурд- ҳар яке бо 144 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.
Тарабхонаи миллии оилавӣ дар қабати дуюми марказ ҷойгир буда, дорои 290 ҷойи нишаст аст. Ҳамчунин дар ин толор 4 ҳуҷраи алоҳида барои мизоҷону меҳмонон ташкил гардидааст.
Бинои иншооти хизматрасонӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар он лифт низ насб шудааст. Дар атрофи бино таваққуфгоҳ дар масоҳати 3500 метри мураббаъ барои 150 воситаи нақлиёт сохта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






