Дар ноҳияи Ҷайҳун 80 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешаванд

Декабрь 24, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавсими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 80 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида мешаванд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун маъракаи дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд, ки  дар он сокинони гуногункасб ва кормадони ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Тибқи иттилои мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун Сайдулло Зувайзода, ҳангоми шинонидани ниҳоли дарахтон тавсияи мутахассисон гирифта мешавад, ки он ба нашъунамои минбаъдаи ниҳолҳо мусоидат менамояд. Инчунин аз ҷониби масъулони соҳавии маҳал назорат бурда мешавад, то дарахтони шинонида нашъу намои хуб ёбанд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои сабзазоркунӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мунтазам рӯзҳои истироҳатӣ гузаронида мешаванд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 24, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд