Дар ноҳияи Данғара филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис меёбад. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаи бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки дар ноҳияи Данғара бунёди филиали донишгоҳи мазкурро ба роҳ монад.
Зимни муаррифии лоиҳаи филиали донишгоҳи мазкур иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон буда, он аз рӯйи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ — электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






