Дар ноҳияи Фархор баъд аз навсозӣ дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад» пурра навсозӣ гардида, ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор.
Иброз гардид, ки навасозии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқад» нишони таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳомиёни Ватан, аз ҷумла хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.
Ҳамзамон бо муборакбодии ҳайати шахсӣ, оид ба саҳм ва нақши асосии неруҳои сарҳадӣ дар ҳифзу ҳимояи Ватан ибрози андаша гардид.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳияи Фархор сарҳадбононро ба зиракиву ҳушёрӣ, далериву шуҷоатмандӣ ва хизмати содиқона ҳидоят карда, ба бунёдкорони иншоот изҳори сипос намуданд.
Иншооти мазкур дорои хобгоҳ, ошхона, ҳамом ва дигар инфрасохторҳои зарурии низомию хоҷагидорӣ мебошад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, ки дар вусъати корҳои бунёдии ин иншоот нақши муҳим гузоштааст, барои сарбозону афсарон дастурхони идона густурда шуд.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фархор барномаи пурмуҳтавои фарҳангиро, ки дар мавзуъҳои васфи Ватан, ҳифзи марзу буми он, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми модар ва дигар арзишҳои миллӣ мураттаб гардида буд, пешниҳоди иштирокдорони маросим намуданд, ки рўҳияи онҳоро болида намуд.
Бояд гуфт, ки баъди навсозии иншооти мазкур шароити хизмат ва зисти сарҳадбонон дар ноҳияи Фархор ба таври назаррас беҳбудӣ ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






