Дар ноҳияи Ёвон бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 ба истифода дода шуд

Декабрь 16, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ёвон бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 61 ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар  ифтитоҳи бинои иловагии мактаб  Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва масъулини соҳа  иштирок намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагӣ бахшида ба ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия сохтмони бинои дуошёнаи иловагӣ иборат аз 13 синфхона барои 650 нафар хонанда дар ду баст, як ҳуҷраи корӣ барои директор ва як ҳуҷра барои омӯзгорон бо харҷи беш аз 2 миллион ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки аз ин миқдор 370 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии муассисаи таълимӣ соли 2022 оғоз ёфта, айни замон мавриди истифода қарор гирифт. Синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоту лавозимот ва аёниятҳои хониш таъмин гардида, дар он  шароити хуби таълиму тадрис муҳайё  шудааст.

Дар ноҳияи Ёвон 85 адад муассисаҳои таълимӣ, ки аз он 75 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, панҷ адад миёнаи асосӣ, ду муассисаи ибтидоӣ,  як литсей, як гимназия ва як адад мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 67 476 нафар хонанда, аз ҷумла 34 673 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ 2812 нафар, аз ҷумла 1659 зан ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда истодааст. Инчунин дар назди 84 муассисаи таълимӣ 280 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 5553 нафар (3273 нафар духтар) кӯдаконро ҷалб намудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон дар соли 2023 дар  панҷ муассисаи таълимӣ хати оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар назди 10 муассисаҳои таълимии №10, 33, 38, 46, 48, 60, 61, 62, 63 ва 81 ҳамагӣ 59 адад синфхонаи иловагӣ барои 2950 нафар хонанда дар ду  баст сохта ба истифода дода шуд.

Дар соли таҳсили 2023, болопӯши бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№17, 21 ва 43 пурра иваз  шуданд.

Инчунин, раванди корҳои сохтмонии босуръати биноҳои иловагии дуошёна дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3, 23, 49, 69 ва 5 бо маром идома дорад.

Дар соли 2023 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 сохтмони 10 синфхонаи иловагии таълимӣ барои 500 нафар хонанда ва 2 ҳуҷраи корӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории сармояи хориҷӣ (VOLIP) сохтмони 6 синфхона барои 144 хонанда дар як баст, 1 ҳуҷраи кории директор ва 1 ҳуҷраи кории омӯзгорон бо маблағи умумии 1млн 500 ҳазор сомонӣ ба маром идома дорад.

Омӯзгорону хонандагон аз ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари давлат  изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир саҳми бештар хоҳанд гузошт.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд