Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Декабрь 5, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ  доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 5, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст