Дар Вазорати корҳои дохилӣ Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷаласаи аъзои Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас якчанд санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, сохторҳои махсус таъсис дода шуданд.
Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» пешниҳод шуд, ки 2 январи соли 2020 қабул гардид. Тибқи ин қонун, мақомоти низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии руҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордоштаро ҳимоя менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангсози «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» маҳсуб шуда, дар назди вазорат гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои ин барнома корҳои муайяне анҷом дода, ҳамзамон иҷрои онро зери назорати доимӣ гирифтааст.
Таъкид гардид, ки мо набояд нисбат ба тақдиру ояндаи давлату миллат бепарвоӣ ва фориғболӣ зоҳир намоем, балки бояд завқу шавқ ва садоқати шаҳрвандии насли наврасро ба идомаи таҳсили босифат ва ҳаёти солим ҷалб созем.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






