ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Нуробод 700 бех дарахтони сафедору ақоқиё ва тӯс шинониданд
НУРОБОД, 24.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Нуробод тариқи ҳашари умумӣ 700 бех дарахтони сафедор, ақоқиё ва тӯс шинонида шуданд. Рӯзҳои наздик боз 2300 бех чунин ниҳолҳо шинонида мешаванд. Дар ин хусус мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Бегназар ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Нуробод навбунёд буда, кормандони ташкилоту муассиса ва сокинони шаҳраки Дарбанд барои дар оянда зебою сояафкан гардидани он ва истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон бо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ саҳм мегузоранд.
Тибқи иттилои директори Хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод Хайрулло Табаров, солҳои 2023-2024 дар заминҳои хоҷагии ҷангал як гектар боғи чормағз, ду гектар боғи себи ҷангалӣ, ду гектар олучаи кӯҳӣ ва як гектар ҷангалзори иборат аз дарахтони гуногун бунёд менамоянд, ки дар умум 5 гектарро ташкил дода, дар он 2300 бех дарахт мешинонанд.
Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, солҳои 2023-2024 дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагии ҷангал ва атрофи шоҳроҳу минтақаҳои гуногун 7006 бех дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан шинонида мешаванд. Ҳамчунин дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва маркази ноҳия 42 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ, гули садбарг ва гули лола шинонида мешаванд.
АКС: Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






