ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода 500 бех ниҳоли ҳамешасабз шинонида шуд

Декабрь 19, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал дар шаҳри Турсунзода маъракаи «Як рӯзи ниҳолшинонӣ» баргузор гардид, ки дар он 500 бех ниҳолони ҳамешасабз аз тарафи аҳли ҷамоатҳои деҳот дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода шинонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Ҳамзамон маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби сокинони Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳр идома дорад.  Сокинони заҳматпешаву ободгари шаҳри Турсунзода минбаъд низ ният доранд, ки бо шинонидани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз, гулу буттаҳо ва тоза намудани атрофи корхонаву муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар ободии диёр саҳм гузоранд.

Тибқи иттилои мутахассисон, дар шароити Тоҷикистон асосан се давраи ниҳолшинонӣ:  тирамоҳ, зимистон ва аввали  баҳор мавҷуд аст.

Ба гуфтаи олимони соҳа, дар фасли зимистон ниҳол шинонидан беҳтар аз он аст, ки дар фасли баҳор ва тирамоҳ  шинонем.  Чунки ниҳоли шинонидаи мо оҳиста-оҳиста ба шароити ҳамон минтақа мутобиқ шуда, то фарорасии фасли баҳор ба нашъунамо оғоз менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Декабрь 19, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд