Хизматрасонии муфиди молиявӣ-техникӣ. Ба сокинони Тоҷикистон истифодаи маблағҳоро дар шакли digital ёд доданд

Декабрь 7, 2023 15:21

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги мамлакат тренингҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо иштирокчиён истифодаи хизматрасонии рақамии молиявиро ёд гирифтанд. Ба ҳайси ташаббускори лоиҳаи омӯзишӣ МегаФон Тоҷикистон баромад намуд.

Тренингҳо оид ба технологияҳои молиявӣ ва хизматрасонии молиявӣ-техникӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон, Ваҳдат, Душанбе, Кӯлоб, Панҷакент, Турсунзода, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд. Иштирокчиён бо имконияти нави хизматрасонии молиявӣ-техникӣ шинос шуданд. Масалан, айни замон бо ёрии смартфон метавон ҳисобҳои ХМК, хизматрасонии давлатиро пардохт намуда, интиқолҳои пулӣ анҷом дод ва чиптаҳои ҳавопаймоиро ба даст овард.

МегаФон Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ ба инкишофи хизматрасонии молиявӣ-техникӣ шуруъ намуд, ки онҳо алҳол дар замимаи мобилии «МегаФон Life» дастрас ҳастанд. Барандагони тренингҳо ба таври муфассал доир ба тарзи истифодаи функсияҳои замима маълумот расониданд. Дар қисми функсияҳои нав – хариди чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва кино ё театр дар қисми «Таблиғот» ва инчунин хизматрасонӣ барои хариди доруворӣ ва молҳои тиббии «Дорухона», ки чанде қабл дар Душанбе ташкил шуда буд.

«Имрӯз ман барои худ хизматрасонии молиявӣ-техникӣ кашф намудам, онҳо ҳаёти маро хеле сода хоҳанд кард. Бо камоли майл тариқи замимаи «МегаФон Life» интиқолҳоро анҷом медиҳам, ба воситаи он фиристодани маблағ ба писарам, ки дар Русия таҳсил мекунад, хеле қулайтар аст»,-таассуроти худро баён кард сокини шаҳри Кӯлоб Мавлюда Исоева.

«Пештар ман аз истифодаи хизматрасонии молиявӣ-техникӣ каме ҳарос доштам, зеро мо аллакай ба пардохти маблағи ХМК ба таври нақдӣ ва гирифтани расидҳои қоғазӣ одат намудаем. Лекин дар тренинг барои худ муайян намудам, ки анҷоми ин кор тариқи телефон ба маротиб осонтар аст. Замимаи «МегаФон Life»-ро кайҳо истифода мебарам, акнун бошад, ҳамаи функсияҳои онро аз худ кардам. Мутахассисон ба таври муфассал доир ба тарзи пардохти ҳисобҳои қувваи барқ маълумот расониданд, ҳамааш ниҳоят сода ва осон будааст, илова ба ин боз холҳои бонусӣ низ ба даст овардам!» – мегӯяд сокини шаҳри Панҷакент Шоира Шоимова.

Дар тренингҳо коршиносони ширкати «МегаФон Тоҷикистон»- директори молиявӣ Андрей Яркин, роҳбари самти хизматрасониҳои молиявӣ Улуғбек Урунов, роҳбати тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд Фирӯз Юсуфӣ, роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон Фирдавс Шамсуддинов, роҳбари тиҷоратии раёсати минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Назаршоев, менеҷерони фурӯшҳои раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ Шоҳрух Сатторов ва Толиб Каримов баромад менамуданд. Давоми ним сол дар тренингҳои ташкилнамудаи оператор садҳо сокинони ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар баробари ин, барномаи машғулияҳо пайваста пурра мегардад ва такмил дода мешуд.

«Хизматрасонии молиявӣ-техникӣ то дараҷае босуръат инкишоф меёбад, ки сервисҳое, ки айни замон мо дар бораашон маълумот медиҳем, ҳанӯз баҳори соли равон мавҷуд набуданд. Ҳамин тариқ, акнун метавон харидҳоро тариқи QR-рамзи ягона анҷом дод ва маблағи хизматрасониҳои давлатиро ба тариқи онлайн пардохт намуд. Иштирокчиёни тренингҳо донишҳои гирифтаи худро хеле баланд арзёбӣ менамоянд, бинобар ин мо дар фикри он ҳастем, ки ҳудуди ҳарчи бештари ҷумҳуриро бо ин лоиҳаи омӯзишӣ фаро гирем. Агар оид ба хизматрасонии муфиди молиявӣ-техникӣ сокинони навоҳии Тоҷикистон низ маълумот пайдо намоянд, ин хеле хуб мешавад», — мегӯяд роҳбари самти хизматрасонии молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Улуғбек Урунов.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 7, 2023 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад