Имрӯз дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорати ҳаво ва борону барфи пуршиддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ борон ва барф ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар шарқи вилоят ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарб шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқ шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барфи бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6, рӯзона 11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барфи бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа, рӯзона 10+15 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, асосан борон ба амал омада, дар охири рӯз ба барфи тар гузашта, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.








Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






